Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таътили тӯлонии фиристодаи Британия


Британия эълон дошт, ки намояндаи вежаи худ дар Афғонистон ва Покистонро то тирамоҳ аз мақомаш барканор хоҳад дошт. Ин тасмим дар пасманзари ихтилофи назари дипломати Бритния бо НАТО ва Амрико бар сари стратегияи ҷанги нуҳсола алайҳи Толибон гирифта шуд.

Британия гуфт, ки Шерард Купер - Колс, фиристодаи вежааш дар Афғонистон ва Покистонро ба таътили дарозмуддати тобистонӣ мефиристад.

Изҳорот дар ҳоле пашх шуд, ки нируҳои хориҷӣ танҳо дар як рӯз даҳ аскари худро аз даст дод ва генерали НАТО аз пахши як мақолаи зидунақиз дар маҷалла "Rolling Stone" пузиш хост. Дар ин мақола омадааст, ки низомиёни Ийолоти Муттҳаидаи Амрико гурӯҳҳои шӯришгари афғонро ба таври ғайримустақим сармоягузорӣ мекунанд.

Вазорати хориҷии Британия сабаби аз Кобул рафтани Коупер Колсро шарҳ надодааст ва ҳамчунин нагуфтааст, ки ин дипломат дубора дар чӣ нақше ба Афғонистон бармегардад.

Ихтилофи назари дипломат ва низомиён

Аммо Коупер Колс пуштибони ин ақадааст, ки гуруӯҳҳои шӯришгари Афғонистон бояд дар баҳси ояндаи кишварашон ширкат дошта бошанд. Гуфта мешавад, ки дипломати британиягӣ бар сари баҳси ин мавзуъ бо мақомоти НАТО ва Иёолоти Муттаҳида ихтилофи назар дорад.

Хабари рафтани дипломати Британиявӣ аз Кобул ҳамзамон бо чанд ҳуҷум бо куштори 10 низомӣ ва суқути як чархбол пахш шуд. Гузоришҳо ҳокӣ аз онанд, ки дар ин ҳодисот панҷ аскари амрикоӣ, се низомии Австралия ва як аскари канадагӣ кушта шуда теъдоди қурбониҳои НАТО-ро ба 65 нафар дар моҳи равон дар Афғонистон ва 286 тан кушта дар соли равон расонидааст. Бори дуввум аст, ки танҳо як рӯз 10 аскар қурбонӣ ба бор овардааст.

Дар ҳамин ҳол вазири дифоъи Британия таъид кардааст, ки аз соли 2001, аз оғози амлиёти низомӣ дар Афғонистон 300 британиягӣ ба ҳалокат расидаанд.

Рӯзи якшанбе як аскари Британиягӣ, ки дар пайи таркише дар Ҳилманд моҳи гузашта захмӣ шуда буд, дар бемористони Британия аз дунё гузашт. Ин хабар нахуствазири Британия Девид Камерунро ба додани ваъдае водор кард, ки баробари беҳбуди вазъи амниятӣ дар Афғонистон нируҳои кишварашро аз он хориҷ хоҳад кард.

Ихтилофи назар дар фармондеҳии Амрико

Таҳаввулоти ахир ҳамчунин ба ихтилофи назар дар фармондеҳии Амрико далолат мекунад. Фармондеҳи воломақоми Амрико дар Афғонистон барои мақолае маъзарат хост, ки дар он ӯ ва ёваронаш аз мақомот дар маъмурияти президент Обама интиқод кардаанд.

Дар мақолае, ки маҷаллаи "Rolling Stoun" нашр мекунад генерал Стенлий МакКристал дар бораи ноиби раиси ҷумҳури Амрико Ҷо Байден, шаккоки стратегияи МакКристал дар низоъи Афғонистон, шарҳи тамасхуромез кардааст.

Дар мақола ҳамчунин шарҳи нохушоянде дар бораи сафири Амрико дар Афғонистон Карл Еикебери ва фиристодаи Амрико дар Афғонистон ва Покистон Ричард Ҳолбрук баён кардааст.

МакКристал мақоларо "иштибоҳ" арзёбӣ кард.

Сухангӯи НАТО Ҷеймс Апптурай матлабро "мояи таассуф" хонд.

Аммо Дабири кулл Андерс Фок Рамсусен ба МакКристал изҳори эътимод кардааст.

Низомиён ба Толибон пул пардохтаанд

Дар ҳамин ҳол, гузориши Конгреси ИМА, ки шоми рӯзи душанбе пахш гардид гуфтааст, ки низомиёни Амрико ба хотири убури амни бору колои худ дар қаламрави кишвар, ба гурӯҳҳои шӯришгар тавассути ширкатҳои хусусӣ сармоягузорӣ кардаанд.

Дар ин санад омадааст, ки низомиён даҳҳо миллон доларро ба ширкатҳои амниятӣ додаанд, ки онҳо дар навбати худ ин маблағро ба ҷангсолорон, мақомоти фасодкор ва Толибон расонидаанд.
XS
SM
MD
LG