Пайвандҳои дастрасӣ

Сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистон то куҷо поянда аст?


Лаҳзае аз рӯзи имзои Созишномаи сулҳ дар шаҳри Маскав, 27-уми июни соли 1997. Акс аз хазина

Лаҳзае аз рӯзи имзои Созишномаи сулҳ дар шаҳри Маскав, 27-уми июни соли 1997. Акс аз хазина

Оё даргириҳои ахир дар Қирғизистон метавонад ба вазъи Тоҷикистон таъсири манфӣ гузорад? Омилҳои суббот ва шиканандаи сулҳи тоҷикон кадом аст? Сари посух ба ин саволҳо дар остонаи 13–умин солгарди рӯзи ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон бархе аз бахшҳои суғдии ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон бо баргузории як нишаст дар Хуҷанд баҳс карданд.

Гуфта шуд, ки пешниҳодҳои аҳзоби сиёсӣ дар мавриди таҳкими сулҳу суббот дар ҷомеа ба мақомот пешниҳод карда хоҳад гашт.

Ҳизби демократ: «Эҳтимоли такрори ҳодисаҳои Қирғизистон дар Тоҷикистон вуҷуд дорад»


Ба ақидаи сарони чаҳор бахши суғдии ҳибҳои сиёсӣ - демократӣ, наҳзати исломӣ, коммунистӣ ва сотсиалистӣ, ки дар нишасти мазкур иштирок доштанд, 13 соли пас аз имзои созишномаи ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон ба ҷомеаи ин кишвар сулҳи воқеӣ оварда, аммо заминаҳои пойдорӣ ва субботи он аз сӯи давлат ҳанӯз ҳам фароҳам карда нашудааст.

Файзулло Файзиев, раҳбари демократҳои Суғд, аз омилҳое ном бурд, ки ба назари вай, дар сурати ғайри ислоҳ авзоъро дар Тоҷикистон, чун дар Қирғизистон метавонад барҳам занад: «Хешутаборчигӣ, маҳалгароӣ, ба аъзои оила ва наздикони худ додани мансабу имтиёзҳо ваҳдати воқеии миллиро рахна мезанад ва кӯчидани ҳодисаҳои нангини Қирғизистон ба кишварҳои дигари Осиёи Миёна, аз ҷумла Тоҷикистон аҷаб нест.»

Ба назари Файзулло Файзиев, давлат ва ҳукумати Тоҷикистон бояд ба хотири пойдории сулҳу оромӣ дар кишвар ва пешрафт дар навбати аввал сиёсати идории худро дар самти ҳимоят аз манфиатҳои аъзои оддии ҷомеа ислоҳ кунад.

Вай ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, тақвияти ҳифзи иҷтимоии аъзои ҷомеа, бо кор таъмин кардани ҳазорон муҳоҷири кории тоҷик дар ватан, фаъолияти озодонаи ҳизбҳои сиёсӣ, шаффофият дар истифодаи маблағҳои буҷаро чун муҳимтарин омилҳои суббот ва пешрафти Тоҷикистон ном бурд.

Ҷудо кардани шохаҳои ҳокимияти давлатӣ - омили аслии субот

Илҳом Ёқубов, аз масъулини бахши суқдии ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, омили аслии бесуботӣ дар кишварҳои Осиёи Миёнаро аз рӯи нишонаҳои хешутабориву қавмӣ дар қабзаи гурӯҳҳои муайян даромадани се шохаи ҳокимият номид. Вай гуфт, «хатари бештар дар он аст, ки дар ин кишварҳо Қонун иҷро намешавад . Масалан, дар Қирғизистон ҳам се шохаи ҳокимияти давлатӣ , иҷроия, қонунбарор ва додгоҳӣ ҷудо набуд ва дастхуши хостаҳои давлатдорон буд. Аз ин рӯ, имрӯз онҳо ногузир бояд қонунҳои худро такмил мекунанд. Дар Тоҷикистон ҳам ба ҳамин монанд аст.»

Зимнан, ин нуктаҳоро борҳо сарони бахшҳои суғдии ҳизбҳои сиёсӣ чун омилҳои барҳамзанандаи сулҳу суббот дар Тоҷикистон барои дарозмуддат баён кардаанд. Аммо ин навбат дар ҳошияи ҳодисаҳои хунини Қирғизистон, ки дар сурати ислоҳ нашудани вазъ эҳтимоли такрори он дар Тоҷикистон вуҷуд дорад.

Ҳизби ҳукмрон дар нишаст иштирок надошт

Дар нишасти мазкур намоянда аз созмони ҳизби ҳалқии демократӣ ҳузур надошт ва яке аз масъулини шуъбаи идеологии ҳукумати Суғд – Аминҷон Шарипов аз ҷониби иштирокдорон чун намояндаи ҳизи ҳукмрон қабул мешуд. Ба ақидаи А. Шарипов, такрори ҳодисаҳои монанд ба Қирғизистон дар Тоҷикистон баъид ба назар мерасад.

Вай ҳодисаҳои муноқишаҳои хунини Қирғизистонро «мушкили дохилии ин давлат» номид ва афзуд: «Аз рӯи мақоли мардумӣ, «нобино асояшро як бор гум мекунад.» Мардуми тоҷик ин гуна мушкилро аз сар гузаронида, аз он азобу азиятҳо ҳушёр шудааст.»

Ҳизбҳои сиёсӣ чӣ кор карда метавонанд?

Воқеан, оё ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон дар ислоҳи вазъ ва барқарории сулҳу суббот дар ин кишвар чӣ вазифа ва корҳоеро анҷом дода метавонанд?

Чун ба мушоҳида мерасад, дар марҳалаи кунунӣ фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, ба ҷуз ҳизби ҳукмрони халқии демократӣ, ки ҳама фишангҳои ҳукумат дар қабзааш мутамарказ шудааст, умдатан бо баёни назарҳову пахши изҳоротҳову муроҷиатномаҳо ва баргузории нишастҳову маҳфилҳо маҳдуд гаштааст.

Ғуфрон Рустамов, раҳбари бахши суғдии ҳизби коммунисти Тоҷикистон, гуфт, «мо ин ҷо нишастагиҳо чӣ кор кунем. Хайр, камбудиҳо дар баргузории интихоботро медонем, вазифатақсимкуниҳоро медонем, дахолат ба иқтисодиётро медонем, вале мо бояд дар ислоҳи ин вазъ чӣ кор кунем? Оё ваҳдати миллӣ дар таҳти хатар дорад ё не?»

Аммо ба ин саволҳо намояндагони ҳизбҳои иштирокдори нишаст посухи возеҳ нагуфтанд.

Ҳукумат чаро намехоҳад бо ҳизбҳои сиёсӣ ҳамкорӣ кунад?

Аз назарҳои бахшҳои суғдии ҳизбҳои сиёсӣ дар нишасти Хуҷанд як нукта возеҳ мешавад, ки ҳизбҳо умдатан бинобар камии теъдоди аъзо ва адами фазои мусоид ба сари худ имконоти фаъолияти густардаи сиёсӣ надоранд ва мехоҳанд дар канори ҳизби ҳукмрони халқии демократӣ қадам гузоранд . Аммо ҳизби ҳукмрон, тавре Наими Самеъзод, раҳбари бахши ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, гуфт, хоҳиши даст додан ба азҳоби дигар надорад . Ба гуфтаи вай, мақомоти ҳукумати Суғд ахиран ду маротиба ба дархости ин ҳизб дар мавриди дар ихтиёраш гузоштани толоре барои баргузории як ҳамоиш бахшида ба ҷашни ваҳдати миллӣ посухи радъ додаанд:

«Акнун ба аъзои худ 400 нафар, ки рӯзи 22–юми июн ба ҳамоиш даъват карда будем, чӣ гӯем? Бигӯем, ки ҷой надоданд? Дар Қирғизистон вазъро даста ё нерӯи сеюм ноором сохт. Аммо Тоҷикистон ҳам душманоне дорад, ки ҳамин гуна дастаро барои ноором сохтани авзоъ ба кор дарорад. Аммо қадри сулҳро касе медонад, ки ба даст овардааст.»

Раҳбари наҳзатиёни Суғд афзуд, мақомот, ки худро бо ҳизби халқии демократӣ тавъам медонанд, ҳанӯз ба қабули назару ақидаҳои ҳизбҳои дигар ва ҳамкорӣ бо онҳо омода нестанд . Онҳо ҳанӯз дарк накардаанд, ки ҳизҳбое ҳам, ки сиёсати онҳоро холисона танқид мекунанд, дӯст ва хайрхоҳи онҳо ҳастанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG