Пайвандҳои дастрасӣ

Онишенко: Вазъи полиомелит дар Тоҷикистон беҳбуд ёфтааст


Геннадий Онишенко-раиси хадамоти беҳдоштии Русия ва раҳбари Роспотребнадзори ин кишвар гуфтааст, вазъи бемории фалаҷи кӯдак ё полиомелит дар Тоҷикистон беҳбуд ёфтааст. Вале вай ба матбуоти Русия изҳор доштааст, ки маҳдудияти вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия ҳамчунон боқӣ хоҳад монд. Онишенко гуфтаст, ки ваксинзанӣ ё додани справка дар бораи гирифтани ваксин ба шаҳрвандони Тоҷикистон шубҳабарангез аст.
XS
SM
MD
LG