Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Отунбоева: Раъйпурсӣ баргузор мешавад


Роза Отунбоева, раиси ҳукумати муваққати Қирғизистон гуфтааст, ки бо вуҷуди мухолифати бархе нерӯҳои сиёсӣ ва идомаи ташаннуҷи авзоъ дар ҷануби кишвар раъйгирӣ барои қабули Қонуни асосии нави Қирғизистон рӯзи 27 -уми июн баргузор хоҳад шуд.

Бархе аз аҳзоби сиёсӣ ва созмонҳои ғайри давлатӣ аз ҳукумат даъват кардаанд, ки баргузории раъйпурсӣ ба манзури қабули Қонуни асосии навро то таъмини суботи бештар дар кишвар мавқуф гузорад. Вале мақомоти ҳукумати муваққат мегӯянд, ки ба таъхир уфтодани ин раъйгирӣ метавонад халои қудратро бештар кунад ва ба дасти нерӯҳои мухолиф баҳонае хоҳад дод барои доман задан ба номаниҳо. Аз ин рӯ, ҳукумати муваққат дар талош аст, ҳарчи сареътар бо баргузории раъйгирӣ машрӯъияти қонунӣ касб намояд.

Ҳамзаон ҳукумати муваққати Қирғизистон қуюди шабгардӣ дар шаҳри ошӯбзадаи Ошро маҳдуд кардааст. Қайди шабгардӣ дар Ош қарор аст, то рӯзи 25 -уми июн идома кунад.

Ширкати ҳукуматӣ ҷои ширкатҳои Максимро мегирад

Дар айни ҳол мувофиқи декрети ҳукумати муваққати Қирғизистон як давлат масъулияти таъмини пойгоҳи низомии Амрико дар Манас бо маводи сӯхтро бар дӯш хоҳад гирифт. Ба ин манзур ҳукумати муваққат то даҳ рӯзи дигар як ширкати давлатӣ таъсис хоҳад кард, ки чанд ширкати хусусиро дар ин амр иваз мекунад.

Қаблан ширкатҳои хусусии марбут ба Максим Боқиев, писари хурдии Қурмонбек Боқиев, раиси ҷумҳури сарнагуншудаи Қирғизистон пойгоҳи Манасро бо маводи сӯхт таъмин мекарданд ва додситонии кишвар мегӯяд, ин ширкатҳо аз фурӯши маводи сӯхт ба пойгоҳи низомии Манас тақрибан 80 миллион доллар молиёт пардохт накардаанд.

Аз пойгоҳи низомии Манас нируҳои Амрико барои идомаи амалиёт бар зидди Толибон дар Афғонистон истифода мекунанд.

Ҳаводиси Ӯш кори дасти атрофиёни Боқиев аст

Мақомоти Қирғизистон изҳор намуданд, ки далелҳои даст доштани атрофиёни раисиҷумҳури барканоршуда Қурмонбек Боқиев дар бенизомиҳо дар ҷануби кишварро дарёфт кардаанд. Коменданти вилояти Ҷалолобод Кубод Байболов гуфт, ки хешовандони боздоштшудаи Боқиев гуноҳи худро иқрор намуданд.

Рӯзи душанбе низомиёни қирғиз дар шаҳри Ӯш амалиёти вижаеро доир карданд, ки бар асари он дасти кам 2 нафар кушта ва беш аз 20 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Тибқи иттилоъи ахир, бар асари низоъи қавмӣ дар ҷануби Қирғизистон беш аз 200 нафар ба ҳалокат расидаанд. Дар Ӯш ва гирду атрофи шаҳр вазъи фавқулодда амал мекунад.
XS
SM
MD
LG