Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар инфиҷори бам дар Истамбул 4 кас кушта шуд


Бино ба гузоришҳо, имрӯз дар натиҷаи инфиҷори бами роҳ дар Истамбули Туркия дасткам 4 нафар кушта шудаанд. Ба ин бам автобусе бархӯрдааст, ки низомиён ва аъзои хонаводаи онҳоро интиқол медодааст. Ҳусейн Авнӣ Мулту-волии Истамбул гуфт, бамро бо дастгоҳи ҳидоякунанда аз дур мунфаҷир сохтаанд.

"Мо дар инфиҷори бами роҳ, ки аз дур ҳидоят мешуд, 4 нафарро аз даст додем. Бо ин бам автобусеро, ки низомиёнро мебурд, ҳадаф қарор дода буданд. Се нафари онҳо сержант ва як нафар ғайринизомӣ буд".


Касе ё нируе масъулияти ин инфиҷорро бар ӯҳда нагирифтааст, вале мақомот мегӯянд, ки ба эҳтимоли зиёд ин кори дасти шӯришиёни ҷудоиталаби курд аст.
XS
SM
MD
LG