Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳдудияти гази Русия ба Беларус ба 30% мерасад


Русия интиқоли гази табиӣ ба Беларусро маҳдудтар мекунад. Русия мегӯяд, Беларус 192 миллион доллар барои газ қарздор аст ва ин қарзро пардохт накардааст. Алексей Миллер-раиси ширкати "Газпром"-и Русия гуфт, имрӯз маҳдудияти интиқоли газ ба Беларус ба 30 дарсад мерасад.
"Дар давоми рӯзи гузашта Беларус ҷиҳати пардохти қарзи худ барои гази Русия тасмиме нагирифт. 22-юми июн аз соати 10-и қабл аз чошти вақти Маскав мо маҳдудияти рӯз ба рӯзи ба нақша гирифтаамонро дар бораи интиқоли гази Русия ба Беларус ба 30 дарсад мерасонем".

Русия рӯзи душанбе интиқоли газ ба Беларусро 15 дарсад маҳдуд карда буд ва Беларус танҳо 85 дарсад газ мегирифт. Имрӯз сухангӯи "Газпром" гуфт, Беларус таҳдид кардааст, ки агар маҳдудияти интиқоли газ дар оянда низ давом кунад, Беларус аз ҳисоби гази транзитии Русия ба Аврупо барои худаш газ захира мекунад. Вале дирӯз "Газпром" гуфта буд, ки муштариёни аврупоӣ аз маҳдудияти интиқоли газ ба Беларус зарар нахоҳанд дид. Мухолифатҳои газии Русия ва Беларус дар ҳоле боло мегирад, ки вазирони корҳои хориҷаи ин ду кишвар ба мулоқот бо якдигар омодагӣ мегиранд.
XS
SM
MD
LG