Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукумати Қирғизистон Манасро бо бензин таъмин мекунад


Мақомоти ҳукумати муваққатии Қирғизистон мегӯянд, ки онҳо ба нақша гирифтанд, то барои таъмини пойгоҳи низомии Амрико бо маводи сӯхт дар қаламрави Қирғизистон як ширкати давлатӣ ташкил диҳанд. Ин ширкати давлатӣ чанд ширкати хусусиро иваз мекунад, ки дар замони ҳукумати барканоршудаи Қурмонбек Боқиев фаъолият мекарданд, Дар ин бора имрӯз Роза Отунбоева-раиси ҷумҳури муваққатӣ фармоне имзо кард. Дар он омадааст, ин ширкати давлатӣ бояд дар зарфи даҳ рӯзи оянда ташкил шавад. Додситонҳои Қирғизистон мегӯянд, ширкатҳои хусусӣ, ки моли Максим Боқиев-писари хурдии Қурмонбек Боқиев буд, аз фурӯши маводи сӯхт ба пойгоҳи низомии Манас тақрибан 80 миллион доллар молиёт пардохт накардаанд. Аз пойгоҳи низомии Манас нируҳои Амрико барои идомаи амалиёт бар зидди Толибон дар Афғонистон истифода мекунанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG