Пайвандҳои дастрасӣ

Барои куштори маъшуқааш 28 сол зиндонӣ шуд


Додгоҳи вилояти Суғд Ихтиёр Неъматовро, ки бо номи Фолбин машҳур аст, ба 28 соли зиндон маҳкум кард. Вай дар охири соли гузашта ба Алексей Аксёнов ва Таваккал Юнусов 500 доллар додааст ва аз онҳо хостааст, ки маъшуқа ё дӯстдухтараш Зарринаро ба қатл расонанд. Неъматов муддати тулонӣ бо Заррина дӯстӣ доштааст. Вале баъд аз огаҳӣ пайдо кардани хонумаш вай хостааст, бо қатли Заррина аз моҷаро раҳо шавад. Таваккал нақши миёнравро иҷро кардааст. Алексей Зарринаро дар мошин ба қатл расондааст ва сипас ҷасади вайро оташ зада ба оби рӯдхона андохтааст. Алексей ва Таваккал ҳар яке 18 сол маҳкум ба зиндон шудаанд.
XS
SM
MD
LG