Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти хабарнигори дигарандеш дар Алмаато


Кормандони ҳифзи тартиботи Қазоқистон хабарнигор Екатерина Беляеваро барои доир кардани эътирози бидуни иҷоза боздошт карданд. Ба иттилоъи бахши қазоқии Радиои Озодӣ, Екатерина Беляева, хабарнигори нашрияи “Взгляд”, чопи Алмаато, бо шиори “Раисиҷумҳур, Қонуни асосиро ба мо баргардонед!” ба хиёбони марказии шаҳр омад. Ӯ ба хабарнигорон гуфт, ба ин васила алайҳи қонуне эътироз мекунад, ки раисиҷумҳур Нурсултон Назарбоевро пешвои миллат эълон кардааст. Тибқи ин қонун, ки ҳафтаи гузашта тасвиб шуд, Нурсултон Назарбоев марвиди пайгарди қонунӣ қарор нахоҳад гирифт ва молу амволи ӯву аҳли хонаводааш дахлнопазир боқӣ мемонанд.
XS
SM
MD
LG