Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 20 толиб дар минтақаи Мӯҳманд


Нерӯҳои амниятии Покистон хабар доданд, ки дар минтақаи қабиланишини Мӯҳманд 20 ҷангҷӯи “Толибон” кушта шуданд. Онҳо ба Радиои Машъал, бахши покистонии Радиои Озодӣ, гуфтанд, ки бар асари ҳамлаи ҳавопаймои низомӣ ба мавқеъи ҷунъиши "Толибон" ҳамчунин 17 тан аз мухолифини ҳукумат ҷароҳат бардоштаанд.
Ин ҳамла як бахши амалиёти густардаи низомӣ дар манотиқи қабоилнишини ҳаммарз бо Афғонистон аст. Амалиёти низомӣ алайҳи ҷунбиши “Толибон” дар Вазиристони ҷанубӣ, минтақаи ҳамсояи Мӯҳманд, моҳи октябри соли гузашта шурӯъ шуда буд.
XS
SM
MD
LG