Пайвандҳои дастрасӣ

Коморовскӣ ва Качинскӣ муборизаро идома медиҳанд


Дар Лаҳистон натоиҷи расмии даври аввали интихоботи раёсатҷумҳурӣ эълон шуд. Ба иттилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ, аз раиси Сейм ва номзади ҳизби ҳукмрони “Платформаи шаҳрвандӣ” Бронислав Коморовскӣ беш аз 41 дар сад ва аз номзади ҳизби “Ҳуқуқ ва адолат” Ярослав Качинскӣ тақрибан 36-у ним дар сади раъйдиҳандагон пуштибонӣ кардаанд.
Номзад аз ҳизби чапгароҳо Гжегож Напералскӣ тақрибан 14 дар сади раъйҳоро соҳиб шуд ва коршиносон раъйҳои ҷонибдорони ӯро дар интихоби раисиҷумҳури нав муҳим арзёбӣ мекунанд.
Даври дуввуми интихоботи раёсатҷумҳурии Лаҳистон рӯзи 4 июл баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG