Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Файсал Шаҳзод гуноҳашро иқрор кард


Дар додгоҳи шаҳри Ню-Йорк Файсал Шаҳзод, шаҳрванди покистонитабори ИМА, даст доштанаш дар терроризмро эътироф кард. Тафтишот собит намуд, ки маҳз ӯ рӯзи 1 майи соли равон мошини ҳомили маводи таркандаро дар Таймс-сквери Ню-Йорк гузошта буд. Кормандони ҳифзи тартибот ин мошинро сари вақт ошкор ва аз инфиҷори нерӯманд дар маркази шаҳр ҷилавгирӣ карданд.
Файсал Шаҳзод рӯзи 4 май дар фурудгоҳи Ню-Йорк дар ҳоле боздошт шуд, ки мехост ба Дубай парвоз кунад.
XS
SM
MD
LG