Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷоми ҷаҳон-2010: Испания Ҳондурасро мағлуб кард


Дар чаҳорчӯби даври дуввуми бозиҳои Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол, ки дар Африқои ҷанубӣ идома дорад, шоми дирӯз дастаи Испания аз болои тими Ҳондурас бо ҳисоби 2 бар 0 пирӯз шуд. Ҳарду тӯбро футболбози маъруф Давид Вилия ба нишон расонд. Аз ин пеш дастаи Чилӣ бо ҳисоби 1 бар 0 аз болои тими Швейсария дастболо шуд. Ҳамчунин дирӯз футболбозони дастаи Португалия ба дарвозаи дастаи Кореяи Шимолӣ ҳафт голи беҷавоб заданд.
Имрӯз дар Ҷоми ҷаҳон чаҳор бозӣ доир мешавад ва дастаҳои Мексикаву Уругвай, Фаронсаву Африқои ҷанубӣ, Нигерияву Кореяи ҷанубӣ ва Юнону Аргентина вориди сабқат мешаванд.
XS
SM
MD
LG