Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти халъи силоҳ дар маҳаллаи Наримони Уш


Мақомоти шаҳри Уши Қирғизистон мегӯянд, нерӯҳои давлат, ки бо барканор кардани сангарҳо ва халъи силоҳи афрод машғуланд, дар маҳаллаи узбакнишини шаҳр ба муқовимат рӯбарӯ шуданд ва дар натиҷаи даргирӣ ду нафар кушта ва 17 тани дигар захмӣ шудаанд. Сухангӯи полис Замир Содиқов рӯзи 21-уми июн дар шаҳри Уш гуфт, нерӯҳои амниятӣ маҷбур шудаанд, аз силоҳи оташфишон истифода кунанд:

"Ҳоло дар чанд ноҳияи Уш, ки вазъи изтирорӣ эълон шудааст, барои поккории минтақа рейдҳо ҷараён дорад. Ҳадаф аз ин чораҳо ёфтану озод кардани гаравгонҳо ва мусодираи силоҳи ғайриқонунист. То ҷое ки медонам, муҳимот ва чанд мил силоҳ дар деҳаи Наримон мусодира гардид."


Гуфта мешавад, ин аслиҳа ва маводи мунфаҷира аз аҳоли узбактабор мусодира шудааст. Пажӯҳишгари бахши изтирории созмони Дидбони ҳуқуқи башар ё Ҳюман райтс Вотч ва мутахассиси имдод дар ҳоли бӯҳронҳои башарӣ, Анна Нейстат, ки аз маҳаллаи Наримон дар ҳумаи шаҳри Уш дидан кардааст, мегӯяд, то ҳоло 11 нафар дар ин маҳалла боздошт шудаанд.
XS
SM
MD
LG