Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имлои забони тоҷикӣ тағйир хоҳад кард


Додихудои Саймуддин, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон имрӯз дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе эълон кард, ки имлои нави забони тоҷикӣ омода шуда, моҳи оянда ба баррасии ҷомеа пешниҳод хоҳад шуд. Дар ин имло ҷойгоҳи ҳарфи "Ӯ" ё "у"-и дароз бозбинӣ ва маҳдуд шуда, мақоми "айн" ё аломати сакта мушаххастар хоҳад шуд. Дар ин нишаст ҳамчунин аз ҳарҷу марҷ дар забони матбуот ва ҷаласаҳои расмӣ изҳори нигаронӣ шуд.
XS
SM
MD
LG