Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди Отунбоева аз вилояти Ҷалолобод


Роза Отунбоева, раиси ҳукумати муваққати Қирғизистон, рӯзи душанбе ба вилояти Ҷалолобод сафар кард. Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати муваққат, Роза Отунбоева ҳамчунин аз ноҳияи Бозорқӯрғони ин вилоят боздид хоҳад кард, ки қирғизҳову ӯзбакҳо ба сар мебаранд. Гуфта мешавад, дар ҳамин ҳол ҳазорҳо сокини ин ноҳия дар Ӯзбакистон паноҳ бурдаанд ва дар ин шабонарӯзи ахир боз ҳазорҳо нафари дигар мунтазири иҷоза барои убури марзи Ӯзбакистон ҳастанд. Отунбоева аз фирори сокинони вилояти Ҷалолобод изҳори тассуф кард:

"Ба фикри мо, авзоъ дар ин ҷо ба сурати умум мӯътадил аст. Ман ҳоло дар шаҳри Ҷалолободам ва мо ба чанд минтақаи вилоят парвоз кардем, дидем ки хонаҳо валангор шуда, мутаассифона, одамон аз ин ҷо фирор карданд."

Ба гуфтаи пизишкон, дар манотиқи ҷангзада аллакай хуруҷи бемориҳои мухталиф сар задааст ва атфол ва кӯдакони зиёд ба бемории дизентерия ё дарунравӣ мубтало шудаанд.

Тибқи хабарҳои расида, вазъият дар вилояти Ҷалолобод нисбат ба шаҳри Ӯш беҳбуд ёфтааст ва як қатор мағозаву дӯконҳо дубора фаъол шудаандРаҳбари ҳукумати муваққати Қирғизистон, Роза
XS
SM
MD
LG