Пайвандҳои дастрасӣ

Пуштибонии Туркия ва Қазоқистон аз Қирғистон


Туркия ва Қазоқистон имрӯз нақшаи пуштибонӣ аз Қирғизистонро барои давраи баъд аз рефрендуми қонуни асосӣ баррасӣ карданд. Вазири умури хориҷии Туркия, Аҳмад Довудоғлу, ки зимни сафари расмӣ феълан дар Қазоқистон аст, гуфтааст, кишвараш умедвор аст, ки ҳукумати муваққати Қирғизистон баъд аз назархоҳии умумии 27-уми июн ҳувияти қонунӣ мегирад. Вай афзуд, гуфтушунид бо Қазоқистон ҳимояти дипломатӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ аз Қирғизистонро дар бар гирифт. Довудоғлу гуфт, умедовар аст, якҷо бо ҳамтои қазоқаш Қатон Савдобоев ба Қирғизистон сафар мекунад ва дар бораи ин нақша мустақиман бо ашхоси масъул сӯҳбат мекунад.
XS
SM
MD
LG