Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нимаи аввали бозии Португол – Кореяи Шимолӣ: 1-0


Нимаи аввали бозӣ байни дастаҳои мунтахаби Португол ва Кореяи Шимолӣ дар сабқати гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2010 дар Африқои Ҷанубӣ дар гурӯҳи G, ки имрӯз, 21-уми июн, соати 16.30 бо вақти Душанбе дар варзишгоҳи «Грин Пойнт»-и шаҳри Кейптаун шурӯъ шуд, бо ҳисоби 1-0 ба фоидаи португолиҳо хотима ёфт.
Р. Мейрелеш, бозигари Португол, дар дақиқаи 29-уми бозӣ бо тӯб ба ҷаримагоҳи тими Кореяи Шимолӣ ворид шуда, онро ба тӯри дарвоза зад.
Имрӯз, 21-уми июн, инчунин ду бозӣ дар гурӯҳи Н соати 19 миёни дастаҳои Чили – Швейтсария ва соати 23.30 миёни тимҳои Испониё – Гондурас баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG