Пайвандҳои дастрасӣ

Дар шаҳри Уш 2 нафар кушта ва 17 тан захмӣ шудаанд


Мақомоти шаҳри Уши Қирғизистон мегӯянд, дар як рейд ба маҳаллаи узбакнишини шаҳр ду нафар кушта ва 17 тани дигар захмӣ шудаанд. Сухангӯи полис гуфт, як нафар дар ҳоле кушта шуд, ки сарбозон ҳадафи оташ қарор гирифтанд. Нафари дувум, ки захмӣ гашта буд, дар роҳ ба бемористон ҷон дод. Уш маркази даргириҳои марговар миёни қирғиз ва узбакҳост, ки дар онҳо ба камияш 208 кушта ба ҷой гузошт ва 400 ҳазор нафар фирорӣ шудаву 100 ҳазор нафари онҳо дар Узбакистони ҳамсоя паноҳ ёфтааст.
Хабарнигори Радиои Аврупои Озод-Радиои Озодӣ, Брюс Паннир, ки имрӯз аз минтақаи Наримон дидан кард, мегӯяд, ҷасади як мардро дидааст, ки ба гуфтаи шоҳидон бар асари латукӯби сарброзон фавтидааст:

"Мо ба дохили маҳалла рафтем, як даста наврасон, бархе калонсолон, зоҳиран латукӯб шудаанд. Бо қундоқи силоҳ ё чизҳои дигар латукӯб ва захмӣ шуданд. Онҳо моро ба ҳавлие ҳидоят карданд. Дар он ҷо рӯи фарш мурдае афтодааст. Онҳо рӯмолро аз болояш гирифтанд, то мо рӯяшро бубинем. Вай марди ҷавоне набуд, эҳтимолан ягон 50-сола. Гуфтанд, ӯро сарбозон ба ин ҳол афкандаанд."

Мақомоти маҳаллӣ мегӯянд, сарбозон барои тафтиши аснод ва кашфи анбори аслиҳа ба минтақа ворид шудаанд.
XS
SM
MD
LG