Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Регар» ТадАЗ - пешсафи ягонаи сабқати Лигаи олӣ


Рӯзҳои истироҳат бозиҳои даври 12-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд, ки дар се бозӣ мизбонон ва дар як дидор меҳмонон ғалаба карданд.

Рӯзи 19-уми июн дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе дастаи мизбон – «Истиқлол» бар тими «Хайр»-и Ваҳдат бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад. Голҳоро Нуриддин Давронов ва Юсуф Рабиев ба самар расонданд.

Ба ин пирӯзӣ душанбегиҳо бо сарварии Қаноат Латифов, ки алъон иҷрокунандаи вазифаи сармураббии «Истиқлол» аст, мушарраф шуданд. Сармураббии собиқи даста Салоҳиддин Ғафуров, ки пас аз бозии «Истиқлол» ва «Равшан» аз вазифааш сабукдӯш шуда буд, мураббии мушовири дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа таъин гардид.

Рӯзи шанбе, инчунин, дар варзишгоҳи «Авиатор»-и Душанбе дастаи ССКА «Помир» бар тими «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби бузурги 4:0 ғалаба кард. Ин дуввумин ғалабаи ССКА «Помир» дар мусобиқаи имсола маҳсуб мешавад, ки дастаро дар ҷадвал ду зина боло кард.

Ду бозии дигари даври 12-ум рӯзи якшанбе баргузор шуд. Дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар варзишгоҳи «Спартак»-и Душанбе аз тими мизбон – «Энергетик» бо ҳисоби 0:1 мағлуб гашт. Голи ягонаро Пирмурод Бурҳонов дар дақиқаи 41-ум зад. Ин дуввумин бохти қаҳрамони футболи Тоҷикистон дар ин мусобиқа ба шумор меравад.

Бозии охирини даври 12-ум дар варзишгоҳи «Фурудгоҳ»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сурат гирифт. Дастаи меҳмон – «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода тими мизбон – «Парвоз»-ро бо ҳисоби 4:1 шикаст дод. Ҳисобро дар ин дидор Абдуаҳад Набиев, бозигари «Парвоз», боз кард. Ҷомихон Муҳиддинов, ҳамлагари меҳмонон, ҳисобро баробар намуд. Сипас бозигарони шаҳри Турсунзода Хуршед Маҳмудов, Сардорбек Эминов ваҶамшед Исмоилов ба дарвозаи «Парвоз» боз се гол заданд. Се имтиёз ба «Регар» ТадАЗ имкон дод, ки мавқеи пешсафиашро дар ҷадвали мусобиқа боз ҳам устувор карда, аз рақибони аслиаш барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ хеле дур шавад.

Ҳоло дар ҷадвали мусобиқа дастаи «Регар» ТадАЗ, ки як бозӣ камтар анҷом додааст, бо 28 имтиёз пешсафи ягона мебошад. Тими «Истиқлол» бо 25 имтиёз дар ҷои дуввум қарор дорад. Дастаи «Вахш» бо 21 имтиёз дар ҷои саввум аст.

Бояд тазаккур дод, ки дастаҳои «Регар» ТадАЗ ва «Истиқлол» то ҳоло ягон бозиро бой надодаанд, вале «Равшан» ягона дастаест, ки ҳанӯз шаҳди ғалабаро начашидааст.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа то 26-уми июн


Ҷой

Дастаҳо

Б

Ғ

М

Б

Т/T

И

1.

«Регар»ТадАЗ (Турсунзода)

10

9

1

0

35-4

28

2.

«Истиқлол» (Душанбе)

11

7

4

0

24-6

25

3.

«Вахш» (Қӯрғонтеппа)

11

6

3

2

14-9

21

4.

«Хайр» (Ваҳдат)

11

5

2

4

17-15

17

5.

«Энергетик» (Душанбе)

11

4

2

5

14-16

14

6.

ССКА«Помир» (Душанбе)

10

2

4

4

9-16

10

7.

«Парвоз» (Б.Ғафуров)

11

2

2

7

13-22

8

8.

«Хуҷанд» (Хуҷанд)

10

1

4

5

12-21

7

9.

«Равшан» (Кӯлоб)

11

0

2

9

6-34

2


Дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин Давронҷон Тухтасунов («Регар» ТадАЗ) ва Юсуф Рабиев («Истиқлол») бо 10-голӣ пешсафанд.

Даври 13-ум
26-уми июн (шанбе)
«Хайр» - ССКА «Помир»
27-уми июн (якшанбе)
«Хуҷанд» - «Парвоз»
«Регар» ТадАЗ – «Энергетик»
«Вахш» - «Истиқлол»
XS
SM
MD
LG