Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози дубораи тавқифи вагонҳои Тоҷикистон дар Узбакистон


Узбакистон сар аз 18-уми июн аз нав ба боздошти вагонҳои Тоҷикистон, ки бояд ба Хатлон бирасанд, оғоз кард. Намояндаи ширкати "Роҳи оҳан"-и Тоҷикистон, Андрей Тропин дар ин бора ба хабаргузории "Авесто" иттилоъ дода, гуфтааст, дар ҳоли ҳозир 2 200 вагони Тоҷикистон дар қаламрави Узбакистон дармондааст, ки 560 вагонаш роҳии Хатлонанд. Ба гуфтаи Тропин зимни ризоияти президентҳои ду кишвар дар ҳошияи нишасти Созмони Шонгҳой дар Тошканд, Узбакистон танҳо ба 20 вагони самти Хатлон иҷозаи гузар дод. Оғози дубораи тавқифи вагонҳои Тоҷикистон дар ҳоле ба амал меояд, ки Эрон ҳушдор дод, агар Тошканд ба ин амал хотима надиҳад, Теҳрон ба тавқифи вагонҳои Узбакистон шурӯъ хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG