Пайвандҳои дастрасӣ

Гуфтугӯи телефонии Клинтон ва Лавров дар бобати Қирғизистон


Дар ҳоле ки вазъ дар ҷануби Қирғизистон ҳамоно шикананда боқӣ мемонад ва мақомоти ин кишвар 20 нафарро бо иттиҳоми ангезиши хушунатҳо боздошт кардаанд, Иёлоти Муттаҳида ва Русия гуфтаанд, дар робита ба рӯйдодҳои Қирғизистон табодули назар кардаанд. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Амрико, Филип Кроулӣ гуфт, вазири умури берунаи Иёлоти Муттаҳида, Ҳилларӣ Клинтон ва ҳамтои руси ӯ, Сергей Лавров, нигаронии ҳамдигарро аз авзоъ дар Қирғизистон пас аз даргириҳои қавмӣ дар ин ҷо таъкид карданд. Онҳо гуфтанд, бояд мақомоти Қирғизистон ба баргузории рефрендум бар пояи меъёрҳои байнулмилалӣ ташвиқ шаванд. Дар гуфтугӯи телефонӣ ду ҷониб ҳамчунин кӯмакҳои башардӯстонаи худро ба осебзадагони даргириҳо ҳамоҳанг карданд.
XS
SM
MD
LG