Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суқути чархболи НАТО дар ҷануби Афғонистон


Паймони Атлантики Шимолӣ мегӯяд, чаҳор сарбози байнулмилалӣ дар суқути чархболе дар ҷануби Афғонистон ба ҳалокат расидаанд. Маълумоти бештар дода нашудааст, ки чархбол бар асари ҳамла суқут кард ва сарбозон аз кадом кишварҳоянд. Аммо ҳарбиёни Австарлия гуфтаанд, се сарнишини чархбол аз нерӯҳои австралӣ буданд. Ҳафт сарбози дигари австралӣ захӣм шудаанд. Австралия дар Афғонистон наздик ба якуним ҳазор сарбоз дорад. То ҳол 16 сарбози он дар Афғонистон кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG