Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон вуруди бозрасони ҳастаиро манъ кард


Намояндаи баландпояи Эрон мегӯяд, кишвараш ба ду бозраси ҳастаии Созмони Милал иҷозаи вурудро нахоҳад дод. Алиакбар Солеҳӣ, раиси Созмони нерӯи ҳастаии Эрон, ба Бунгоҳи байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ гуфтааст, ин ду бозрас барои гузориши "дурӯғ"-и бунгоҳ ба Эрон маҳрум хоҳанд буд. Вай аз бозрасон ном набурдааст. Дар охири моҳи май Бунгоҳи байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ гузориш дод, ки Эрон таҷҳизоти иловагиеро омода мекунад, то ба ғанисозии сатҳи болотари уран даст ёбад ва маводи ҳастаиро анбор кунад. Шӯрои Амнияти Созмони Милал рӯзи 9-уми июн бастаи чаҳоруми таҳримҳои зидди Эронро ба тасвиб расонд ва Эрон ҳушдор дод, ки ҳамкориияшро бо Бунгоҳи байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ маҳдуд хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG