Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раддияи Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба А. Дубнов


Сафорати Тоҷикистон дар Русия иттилоеро, ки журналист Аркадий Дубнов ба нашр расонда буд, рад кард. Дубнов дар рӯзномаи "Время новостей" рӯзи 16-уми июн навишт, ки нооромиҳо дар Қирғизистонро бо қатли узбакҳо ва қирғизҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, собиқ ширкаткунандагони ҷанги шаҳрвандии ин кишвар шурӯъ кардаанд. Вай ба нақл аз як шахси номаълум навишт, дар интиқоли чунин афрод ба минтақа сафорати Тоҷикистон дар Русия даст дорад ва дар ин ҷо ба чунин афрод бо акси онҳо, аммо номҳои дигар, иҷозатномаҳои қалбакӣ дода шудааст, ки ба онҳо имкони сафарро фароҳам овард. Дафтари матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Русия ин иттилоъро комилан рад карда, мегӯяд, шаҳрвандон баъд аз дарёфти чунин иҷозатномаҳо, ки пас аз тафтиши ҳувияти онҳо дода мешавад, танҳо ба кишвари худ сафар карда метавонанд. Дар раддия гуфта мешавад, ному насаби ҳамаи онҳое, ки чунин санад гирифтаанд, дар бойгонии сафорат мавҷуд аст.
XS
SM
MD
LG