Пайвандҳои дастрасӣ

Тоҷикони муқими Аврупо зимни номае ба унвони Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон хостори раҳоии вагонҳои Тоҷикистон ва беҳбуди равобит миёни Тоҷикистон ва Узбакистон шудаанд. Онҳо гуфтаанд, ҳукуматҳои ду кишвар вазифадоранд, ки таҷрибаи садсолаҳо ҳамзистии тоҷику узбакро ҳифз кунанд.

Намояндагони ҷомеаҳои тоҷикии Белгия, Нидерландия ва Люксембург дар номаи худ навиштаанд, ки «мо тавассути расонаҳои ахбори умум ва аз сӯҳбат бо пайвандонамон дар Тоҷикистон иттилоъ ёфтем, ки муддатҳо ба ин сӯ, бо сабабҳои номаълум дар минтақаи Термиз вагонҳои молу колои Тоҷикистон боздошта шудаанд».

Дар ин нома ҳамчунин омадааст, ки бадхоҳони тоҷику узбак овозаҳоеро паҳн мекунанд, ки гӯё Узбакистон алайҳи Тоҷикистон муҳосираи иқтисодӣ эълон кардааст. Аммо ҳамзистии мардуми тоҷику узбак садсолаҳо таҷриба дорад ва мо вазифа дорем, ки чунин мероси бузурги гузаштагонро ҳифз кунем.

Ҷомеаҳои тоҷикони Аврупо, иборат аз намояндагони миллаиятҳои тоҷик, узбак, рус ва арманӣ, ки зодагони Тоҷикистон мебошанд, хостори ҳарчӣ сареътар ҳал шудани қазияи мазкур ва одӣ шудани муносиботи Тоҷикистон ва Узбакистон шуданд.

Мушкил идома дорад

Аз аввали соли равон дар интиқоли молу коло тавассути роҳи оҳани Узбакистон ба Тоҷикистон мушкилот пеш омад. Узбакистон ба баҳонаи мухолифат бо сохтмони нерӯгоҳи Роғун, аз ҳаракати муназзами вагонҳои Тоҷикистон ҷилавгриӣ намуд ва ба ин тартиб, мехоҳад, ки Тоҷикистон аз идомаи сохтмони Роғун даст бардорад. Узбакистон мегӯяд, ки сохтмони Роғун ба муҳити зисти минтақа зиён ворид мекунад ва ба кишоварзӣ зарба хоҳад зад.

Аммо Тоҷикистон низ ҳамчунон дар мавқеъи худ пофишорӣ дорад ва мегӯяд, ки баръакс сохтмони Роғун дар оянда ба ҳалли мушкили зистмуҳитӣ ва дастрасӣ ба об мусоидат хоҳад кард.

Феълан ҳама дар интизори хулосаи коршиносони Бонки ҷаҳонӣ дар мавриди суду зиёни тарҳи нерӯгоҳи Роғун нишастаанд.

Дар аввали моҳи равон, сафари Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Тошканд ба манзури ширкат дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шангхай сурат гирифт, ки интизор мерафт, масъалаи ҳаракати бидуни монеаи вагонҳои Тоҷикистон низ зимни ин сафар ҳал шавад.

Аммо Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Узбакистон ба ҳаракати вагонҳое, ки ҳомили молу мавод барои сохтимони нерӯгоҳи Роғун ҳастанд, тавассути қаламрави кишвараш мувофиқат накард.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG