Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё Качинскӣ ҷойгузини Качинскӣ хоҳад шуд?


Раисиҷумҳури нави Лаҳистон баъд аз ду ҳафта интихоб хоҳад шуд. Ба иттилои Комиссиюни давлатии интихоботии кишвар, дар даври аввали интихобот ҳеҷ яке аз даҳ номзад ба касби орои кофӣ муваффақ нашуданд.


Коморовски алҳол пешсаф аст

Қарор аст, ки рӯзи душанбе Комиссиюни давлатии интихоботии Лаҳистон натоиҷи интихоботи қабл аз вақти раёсатҷумҳуриро эълон кунад. Бар пояи иттилоъи пешакӣ, аз раиси Сейм ва номзади ҳизби ҳукмрони “Платформаи шаҳрвандӣ” Бронислав Коморовски тақрибан 40 дар сад ва аз номзади ҳизби муҳофиазорон Ярослав Качински тақрибан 38 дар сади раъйдиҳандагон пуштибонӣ кардаанд.

Аз ин пеш расонаҳо бо такя ба exit-poll ё пурсиши раъйдиҳандагон дар канори қитъаҳои интихоботӣ хабар дода буданд, ки фарқи овозҳои дарёфткардаи Коморовский ва Качински 10 дар садро ташкил медиҳад. Ба думболи ин бархе аз сиёсатшиносон гуфтанд, ки шубҳае барои пирӯзии Коморовский боқӣ намондааст. Ва аммо иттилоъ дар бораи натоиҷи пешакии интихобот ба сарҳои тафсони ин сиёсатшиносон оби сард рехт.

Акнун бархе коршиносон, имкони такрори интихоботи соли 2005-умро баъйид намедонанд. Панҷ сол пеш дар даври аввали интихобот Доналд Туск дастболо шуда буд ва аммо дар даври дуввум пирӯзӣ насиби рақиби ӯ - Лех Качински, бародари дугоники Ярослав Качински, гардид.

Муборизаи бидун бадномсозӣ

Бронислав Коморовски ва Ярослав Качински барои дарёфти курсии раисиҷумҳур 4 июл, дар даври дуввуми интихобот, талош хоҳанд кард. Ва аммо ҳадс зада мешавад, ки номзадҳо дар идомаи рақобат ҳам, чун дар даври аввал, аз иттиҳомоту бадномсозии ҳамдигар парҳез хоҳанд кард. Ҳадс зада мешавад, ки довталабони мақоми раисиҷумҳур дар ин маъракаи интихоботӣ ба хотири гиромидошти президенти собиқ Лех Качинскиҳатто аз танқиди шадиди ҳамдигар худдорӣ намуданд.

Тибқи иттилоъи пешакӣ, 54 дар сади шаҳрвандони соҳиби ҳаққи овоз пойи қуттиҳои райъдиҳӣ омаданд. Комиссиюни давлатии интихоботии Лаҳистон хабар дод, ки ба рӯйхатҳо ному насаби беш аз 30 миллиону 505 ҳазор шаҳрвандони кишвар шомил шуда буд. Раъйдиҳӣ дар 25 ҳазору 774 ҳавзаи интихоботӣ сурат гирифт.

Интихоботи қабл аз вақти раёсатҷумҳурии Лаҳистон баъд аз ҳалокати раисиҷумҳур Лех Качински бар асари суқути ҳавопаймо дар канори шаҳри Смоленски Русия таъин карда шуд. Ин фоҷиа 10 апрел ба вуқӯъ пайваст, ба ҷуз Лех Качински ва ҳамсараш Мария, боз даҳҳо ходимони давлативу вакилони парлумон ва донишмандону хабарнигорони лаҳистонӣ ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG