Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми ҷаҳонии футбол: Натоиҷи даҳ рӯзи мусобиқот


Дар сабқати гурӯҳии Ҷоми ҷаҳонии футбол-2010 дар Африқои Ҷанубӣ рӯзи 20-уми июн Бразил бар Кот-Д’ Ивуар бо ҳисоби 3:1, Парагвай бар Словакия бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуданд.

Вале Итолиё бозиро бо тими Зеландияи Нав бо натиҷаи мусовии 1:1 анҷом дод.

Нахуст дастаҳои Словакия ва Парагвай дар гурӯҳи F дар варзишгоҳи «Фри Стейт»-и шаҳри Блумфонтейн рақобат карданд. Парагвай ду голи беҷавоб зад. Голҳоро Э. Вера дар дақиқаи 27-ум ва К. Риверос дар дақиқаи 86-ум ба самар расонданд.

Бозии дигари гурӯҳи F дар варзишгоҳи «Мбомбела»-и шаҳри Нелспрейт байни дастаҳои Итолиё ва Зеландияи Нав сурат гирифт. Ҳарду даста якголӣ заданд. Ҳисобро Ш. Смелтс, бозигари Зеландияи Нав, дар дақиқаи 7-ум кушод. В. Яквинта, бозигари Итолиё, дар дақиқаи 29-ум аз пенолти ё ҷаримаи 11-метра ҳисобро баробар кард.

Дирӯз, 20-уми июн, дастаҳои гурӯҳи G Бразил ва Кот-Д’Ивуар дар варзишгоҳи «Соккер Сити»-и шаҳри Йоханнесбург қувва озмуданд. Ба се голи бразилиҳо рақибонашон бо як гол ҷавоб доданд. Ду голи Бразилро Л. Фабиану (дақиқаҳои 25-ум ва 50-ум) ва як голи дигарро Б. Элано (дақиқаи 62-юм) заданд. Як голи Кот-Д’Ивуарро Д.Дрогба дар дақиқаи 79-ум ба ҳадаф расонд.

Ба ин тартиб дар 10 рӯзи мусобиқот дар 8 гурӯҳ 29 бозӣ баргузор шудааст:

Гурӯҳи А – ҶАҶ (Ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ) – Мексика – 1:1, Уругвай – Фаронса – 0:0, ҶАҶ – Уругвай – 0:3, Фаронса – Мексика – 0:2.
Уругвай – 4 имтиёз (2 бозӣ). Мексика – 4 (2). Фаронса – 1 (2).ҶАҶ – 1 (2).

Гурӯҳи В – Кореяи Ҷанубӣ - Юнон -2:0, Аргентина – Нигерия – 1:0, Аргентина – Кореяи Ҷанубӣ - 4:1, Юнон – Нигерия – 2:1.
Аргентина – 6 (2). Кореяи Ҷанубӣ - 3 (2). Юнон -3 (2). Нигерия – 0 (2).

Гурӯҳи С – Инглистон – ИМА – 1:1, Алҷазоир – Словения – 0:1, Словения – ИМА – 2:2, Инглистон – Алҷазоир – 0:0.
Словения – 4 (2). ИМА – 2 (2). Инглистон – 2 (2). Алҷазоир – 1 (2).

Гурӯҳи D – Сербия – Гана – 0:1, Олмон – Австралия – 3:0, Олмон – Сербия – 0:1, Гана – Австралия – 1:1.
Гана – 4 (2). Олмон – 3 (2). Сербия – 3 (2). Австралия – 1 (2).

Гурӯҳи Е – Ҳолланд – Дания – 2:0, Ҷопон – Камерун – 1:0, Ҳолланд – Ҷопон – 1:0, Камерун – Дания – 1:2.
Ҳолланд – 6 (2). Ҷопон – 3 (2). Дания – 3 (2). Камерун – 0 (2).

Гурӯҳи F – Итолиё – Парагвай – 1:1, Зеландияи Нав – Словакия – 1:1, Словакия – Парагвай – 0:2, Итолиё – Зеландияи Нав – 1:1.
Парагвай – 4(2). Итолиё – 2 (1). Зеландияи Нав – 2 (2). Словакия – 1 (2).

Гурӯҳи G - Кот – Д’ Ивуар – Португол – 0:0, Бразил – Кореяи Шимолӣ - 2:1, Бразил - Кот – Д’ Ивуар – 3:1.
Бразил – 6 (2). Кот – Д’ Ивуар – 1 (2). Португол – 1(1). Кореяи Шимолӣ - 0(1).

Гурӯҳи Н
– Гондурас – Чили – 0:1, Испониё – Швейтсария – 0:1.
Чили – 3 (1). Швейтсария – 3 (1). Гондурас – 0 (1). Испониё – 0 (1).

Имрӯз, 21-уми июн, як бозӣ дар гурӯҳи G cоати 16.30 бо вақти Душанбе байни тимҳои Португол – Кореяи Шимолӣ ва ду бозӣ дар гурӯҳи Н соати 19 миёни дастаҳои Чили – Швейтсария ва соати 23.30 миёни тимҳои Испониё – Гондурас баргузор мешаванд.

Дар сабқати ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии футбол, ки барои бори аввал дар қораи Африқо барпо мегардад, 32 тими миллӣ ширкат дорад.

Бар асоси низомномаи мусобиқа аз 8 гурӯҳ 16 даста ба даври баъдӣ роҳ меёбад. Баъдан 8 дастаи беҳтарин ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳхат мегирад. Сипас бо ширкати чаҳор дастаи беҳтарин бозиҳои ниманиҳоӣ баргузор мешаванд.

Қаҳрамони нави футболи ҷаҳон рӯзи 11-уми июл дар бозии ниҳоӣ муайян хоҳад шуд.

Бояд тазаккур дод, дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон аз соли 1930 то инҷониб ҳамагӣ 207 тими миллӣ ширкат кардааст ва 7 даста ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтааст. Бразилия аз ҳама бештар – 5 бор (1958, 1962, 1970, 1994, 2002), Итолиё 4 маротиба (1934, 1938, 1982, 2006), Олмон 3 бор (1954, 1974, 1990), Аргентина (1978, 1986) ва Уругвай (1930, 1950) дуборӣ, Фаронса (1998) ва Инглистон (1966) якборӣ бо медалҳои тилло мукофотонида шудаанд.

Нахустин қаҳрамони ҷаҳон Уругвай (соли 1930) ва қаҳрамони феълии ҷаҳон Итолиё (2006) мебошанд.
XS
SM
MD
LG