Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: Хушунат дар Афғонистон афзоиш ёфтааст


Созмони Милали Муттаҳид гуфтааст, аз оғози соли ҷории мелодӣ сатҳи хушунат дар Афғонистон ба таври чашмрас боло рафтааст. Тибқи гузориши Созмони Милал, ки дар охири ҳафтаи гузашта интишор гардид, бомбгузориҳои сари роҳ дар муқоиса бо соли 2009 то 94 дар сад афзоиш ёфт.

Муаллифони гузориш менависанд, ки аз замони пахши гузориши охири СММ дар моҳи март вазъи амниятӣ дар Афғонистон беҳбуд наёфт.

Бино бар ин санад бомбагузориҳои назди роҳ дар чаҳор моҳи аввали соли ҷорӣ дар муқоиса бо оғози соли 2009 ба 94 дар сад афзудааст ва муаллифон ин тамоюлро нигаронкунанда арзёбӣ мекунанд.

Тибқи ин санад шумораи сӯқасдҳои маргбор ба ҷони мақомдорони Афғонистон якбора ба 45 дар сад боло рафтааст.

Гузориш дар ҳоле интишор гардид, нерӯҳои НАТО дар Афғонистон бар муқобили Толибон, ки ҷануби кишварро идора мекунанд, бузургтарин амалиёти низомиро аз замони оғози ҷанг дар соли 2001, анҷом медиҳанд.

Барак Обама, раисиҷумҳури Амрик бо кӯшиши беҳбуд бахшидани вазъи амниятӣ қабл аз фарохонии артиши кишвараша аз Афғонистон фармон дода буд, ки ба онҷо 30 ҳазор афсару сарбози дигари амрикоӣ эъзом шавад.

Норозигии мардум аз идомаи ҷанг

Бино бар гузориш ҳар ҳафта дар Афғонистон се ҳамлаи интиҳорӣ анҷом мешавад. Нисфи ин ҳамлаҳо дар минтақаҳои паштуннишини ҷануби кишвар сурат мегиранд.

Тибқи гузориш миёни аҳолии Афғонистон норозигӣ аз идомаи ҷанг низ афзудааст.

Ҳоҷӣ Абдулраҳим, пешвои яке аз деҳаҳои вилояти Қандаҳор ба хабаргузории Ройтерс чунин гуфт: “Мо аз амрикоиҳо ҳеҷ чиз намехоҳем, онҳо дар гузашта ба мо ваъдаҳои зиёд доданд, аммо онҳоро иҷро накарданд”.

Дар гузориши СММ падидаҳои ташвиқдиҳанда низ зикр мешавад, мисли додани имтиёзҳои иқтисодӣ ба ошӯбгароне, ки аз муқовимат даст мекашанд.

Инчунин зикр мешавад, ки комиссияи интихоботӣ барои интихоботи моҳи сентябр беш аз 2,5 ҳазор номзадро сабт кардааст.

Набардҳои сангинро бояд интизор шуд?

Генерал Ҷозеф Блотз, сухангӯи НАТО зимни нишасти матбуотӣ дар Кобул гуфт, ки алорағми арзёбиҳои манфии гузориш нерӯҳои байналмилалӣ ба пешрафти ночандон чашмрас, аммо устувор ноил шудаанд.

Ӯ афзуд, “набардҳои сангинро бояд мунтазир шуд, аммо бо омадани неруҳои иловагии бештар ба минтақа, вазъ беҳбуд хоҳад ёфт”.

Болтз инчунин иттило дод, ки шумораи кушта ва маҷрӯҳшудагон миёни аҳолии осоишта дар чаҳорчӯби амалиётҳои низомии неруҳои байналмилалӣ дар 12 моҳи охир қариб ба 44 дар сад кошиҳ ёфтааст.
XS
SM
MD
LG