Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавопаймо бо тоҷирон аз Австралия ғайб зад


Як ҳавопаймо, ки мусофиронаш чанд тан аз раҳбарони воломақоми бахши маъданҳои кӯҳии Австралия буданд, дар манотиқи ғарбии Африқо ғайб зад. Робита бо ҳавопаймо чанд дақиқа баъд аз парвозаш аз шаҳри Яунде, пойтахти Камерун, қатъ шуд. Ба иттилоъи расмӣ, ҳайати Австралия ба ҷумҳурии Конго сафар мекард ва ба ҳайат сармоядори маъруф Кен Тэлбот низ шомил буд. Нерӯҳои наҷотбахш ва низомиёни Камерун ба ҷустуҷӯи ҳавопаймо шурӯъ кардаанд.
XS
SM
MD
LG