Пайвандҳои дастрасӣ

"Газпром" интиқоли газ ба Белорусро коҳиш медиҳад


Ширкати “Газпром” шояд имрӯз соати 10 ба вақти Маскав интиқоли газ ба Белорусро 85 дар сад коҳиш диҳад. Ин ширкат аз Минск хостори пардохти 192 миллион доллари қарз шудааст. Ҳукумати Белорус, дар навбаи худ, иддао дорад, ки “Газпром” барои содироти газ аз тариқи қаламрави кишвар 200 миллион доллар қарздор аст. Музокироти миёни раиси “Газпром” Алексей Миллер ва вазири энерҷии Белорус Александ Озеретс дар шаҳри Санкт-Петербург ноком поён ёфт. Тибқи як хабарҳо, шоми дирӯз як ҳайат аз Минск барои идомаи гуфтушунид бо раҳбарони “Газпром” вориди Маскав шуд.
Мақомоти Минск ахиран ҳушдор доданд, ки дар сурати коҳиши интиқоли газ ба кишвар онҳо содироти гази Русия ба Аврупо аз тариқи хоки Белорусро қатъ хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG