Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имрӯз натоиҷи интихоботи Лаҳистон эълон мешавад


Қарор аст имрӯз Комиссиюни давлатии интихоботии Лаҳистон натоиҷи интихоботи қабл аз вақти раёсатҷумҳуриро эълон кунад. Бар пояи иттилоъи пешакӣ, нафаре аз даҳ довталаб дар даври аввали интихобот пирӯз нашудааст. Экзит-полл ё пурсиши раъйдиҳандагон дар канори қитъаҳои интихоботӣ баёнгари он аст, ки аз раиси Сейм ва номзади ҳизби ҳукмрони “Платформаи шаҳрвандӣ” Бронислав Коморовский тақрибан 46 дар сад ва аз номзади ҳизби муҳофиказорон Ярослав Качински тақрибан 36 дар сади раъйдиҳандагон пуштибонӣ кардаанд. Интизор меравад, ки онҳо рӯзи 4 июл, дар даври дуввуми интихобот, муборизаро барои мақоми раисиҷумҳури Лаҳистон идома диҳанд. Тибқи иттилоъи пешакӣ, 54 дар сади шаҳрвандони соҳиби ҳаққи раъй пойи қуттиҳои овоздиҳӣ омаданд.
Интихоботи қабл аз вақти президентии Лаҳистон баъд аз ҳалокати раисиҷумҳур Лех Качински бар асари суқути ҳавопаймо дар канори шаҳри Смоленски Русия таъин карда шуд. Ин фоҷиа 10 апрел ба вуқӯъ пайваст ва дар он даҳҳо ходимони давлативу вакилони парлумон ва донишмандону хабарнигорони лаҳистонӣ ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG