Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти муҷримони низоъи қавмӣ дар Қирғизистон


Дар Қирғизистон 20 нафар бо иттиҳоми даст доштан дар задухӯрдҳои хунини байниқавмӣ дар ҷануби кишвар боздошт шудаанд. Дар ин бора намояндаи расмии вазорати умури дохилии Қирғизистон Бакит Сейитов хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, ин афрод дар кӯштор, оташзании биноҳову манозил ва одамрабоӣ муттаҳам мешаванд.
Аз ин пеш ҳукумати муваққати Қирғизистон тасмим гирифт, ки низоми вазъи фавқулодда дар шаҳри Ӯш ва гирду атрофи онро то 25 июн тамдид кунад. Рӯзи якшанбе низомиёни қирғиз бо кумаки зиреҳпӯшҳо сангарҳои бунёдкардаи ӯзбакҳои маҳаллиро барчиданд. Ба иттилоъи расмӣ, бар асари задухӯрдҳои миёни ӯзбакҳову қирғизҳо дар ҷануби Қирғизистон 192 нафар ба ҳалокат расидаанд. Садҳо ҳазор нафар маҷбур шуданд, ки манозили худро тарк кунанд. Бахши аъзами фирориёни ӯзбак дар қаламрави Ӯзбакистон панаҳ бурдаанд.
XS
SM
MD
LG