Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҷоми ҷаҳон 2010: Бразилия ба бозиҳои ниҳоӣ роҳ ёфт


Шоми дирӯз дар чаҳорчӯби сабқати Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол, ки дар Африқои ҷанубӣ идома дорад, дастаи Бразилия аз болои дастаи Кот-д’Ивуар бо ҳисоби 3 бар 1 пирӯз шуд ва барои ширкат дар бозиҳои ниҳоӣ роҳ ёфт. Ду голро ба дарвозаи ҳариф Луис Фабиано зад ва аммо, ба гуфтаи мутахассисон, қабл аз задани голи дуввум тӯб ду бор ба дасти ӯ бархӯрда буд.
Аз ин пеш бозии миёни дастаҳои Италия ва Зеландияи нав мусовӣ - 1 бар 1 анҷом ёфт ва дастаи Парагвай аз болои тими Словакия бо ҳисоби 2 бар 0 пирӯз шуд.
Имрӯз дастаҳои Португалия ва Кореяи Шимолӣ, Чилӣ ва Швейсария, Испания ва Ҳондурас бо ҳам вориди сабқат мешаванд.
XS
SM
MD
LG