Пайвандҳои дастрасӣ

Омори нахуст аз ҷараёни интихоботи Лаҳистон


Дар Лаҳистон имрӯз дар интихоботи зудраси раёсати ҷумҳурӣ идома дорад ва то нисфи рӯз тақрибан 24 дар сади мардум дар раъйдиҳӣ ширкат кардаанд. Кумиссиёни интихоботии Лаҳистон гуфт, аз ҳисоби 30 миллион мардуми бархурдор аз ҳаққи раъй, бештар аз 8 миллион нафари онҳо то нимрӯзӣ дар интихобот ширкат кардаанд. Раиси ҷумҳури пешини Лаҳистон, Лех Качинский ва 95 нафари дигар, аз ҷумла ҳамсараш ва дигар чеҳраҳои шинохтаи сиёсиву низомии Лаҳистон зимни суқути ҳавопаймояшон дар ҳавои ғуборолуд дар шаҳри Смоленск, ғарби Русия дар рӯзи 10 апрел ҳалок шуданд. Бронислав Коморовскӣ, раиси ҳизби марказгарои Бунёди шаҳрвандӣ ва Ярослав Качинский, нахуствазири собиқ ва бародари Лех Качинский, аз номзадҳои пешсафи интихобот ҳастанд.
XS
SM
MD
LG