Пайвандҳои дастрасӣ

Зибарӣ Туркияро барои ҳамла ба Ироқ интиқод кард


Ҳушёр Зибарӣ, вазири умури хориҷаи Ироқ, ҳамлаи якҷонибаи нерӯҳои Туркия дар хоки Ироқро интиқод кард. Зибарӣ, ки худ курд аст, ба хабаргузории “Франс Пресс” гуфтааст, ҳамлаи ҳавоии нерӯҳои Туркия “яқинан помоли соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти Ироқ ва муносиботи ҳамсоягии хуби ду кишвар будааст”. Нерӯҳои заминии Туркия имрӯз то 10 километрии хоки Ироқ ҳаракат карда ва зимни ҳамла ба паноҳгоҳҳои шӯришиёни курд, чаҳор нафарро куштанд. Дирӯз 12 сарбози туркро ҷудоихоҳони курд ҳалок карданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG