Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши теъдоди қурбониёни ҳамла ба бонки Ироқ


Бар асари инфиҷори ду бомб дар сохтмони як бонке дар шаҳри Бағдод, пойтахти Ироқ дасти кам 27 нафар кушта ва 55 тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Генерал Қосим Ал-Мусавӣ, як мақоми амниятии Бағдод гуфт, ду бомбгузори интиҳорӣ мошинҳои бомбгузоришудаи худро ба дарвозаи аслии Бонки Тиҷоратии Ироқ равона карданд ва баъди бархӯрд ба монеа онҳоро мунфаҷир карданд. Як ҳафта пештар ҳамлаи маргталабони интиҳорӣ ба Бонки Марказии Ироқ 15 кушта бар ҷой гузошт.
XS
SM
MD
LG