Пайвандҳои дастрасӣ

Инфиҷор дар як бонки Бағдод 18 нафарро кушт


Бар асари инфиҷори ду бомб дар сохтмони як бонке дар шаҳри Бағдод, пойтахти Ироқ дасти кам 18 нафар кушта ва даҳҳо тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Генерал Қосим Ал-Мусавӣ, як мақоми амниятии Бағдод гуфт, ду бомбгузори интиҳорӣ мошинҳои бомбгузоришудаи худро ба дарвозаи аслии Бонки Тиҷоратии Ироқ равона карданд ва баъди бархӯрд ба монеа онҳоро мунфаҷир карданд. Як ҳафта пештар аз ҳамлаи маргталабони интиҳорӣ ба Бонки Марказии Ироқ 18 кушта бар ҷой гузошт.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG