Пайвандҳои дастрасӣ

Каррубӣ мегӯяд, аз мубориза даст нахоҳад кашид


Меҳдӣ Каррубӣ, раҳбари мухолифини Эрон имрӯз қавл дод, ки муборизааш алайҳи ончӣ ки “моҷарои интихоботӣ” хонд идома хоҳад дод. Дар интихоботи соли гузаштаи раёсати ҷумҳурӣ дар Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод пирӯз омад, вале мухолифини Эрон мегӯянд, натиҷаҳои интихобот дасткорӣ ва ба нафъи Маҳмуди Аҳмадинажод ҳал шудааст. Дар номае саргушодае дар вебсайти худ, Меҳдӣ Каррубӣ, Оятуллоҳ Алӣ Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон ва мақомоти расмиро интиқод кардааст, ки ба гуфтаи ӯ бо зиндонӣ кардани тазоҳургарон, “гӯристонҳоро” ҳам пур карданд. Баёнияи ӯ як соли расо баъд аз марги Нидо Оғосултон, як духтари навҷавони эронӣ нашр мешавад, ки ӯро дар тазоҳуроти шаҳри Теҳрон куштанд ва навори дардовари марги ӯ ба рамзи ҷунбиши мухолифат дар Эрон табдил шуд.
XS
SM
MD
LG