Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзи ҷалби таваҷҷӯҳ ба сарнавишти паноҳандагон


Имрӯз рӯзи ҷаҳонии паноҳандагон аст, ки Созмони Милал эълом кардааст ва ҳадаф аз он ҳам ҷалби таваҷҷӯҳ ба сарнавишти миллионҳо нафар аст, ки бар асари низоъ ё таъқиб бехонумон шудаанд. Созмони Милал мегӯяд, феълан дар саросари ҷаҳон 15 миллион нафар марду зан ва кӯдак ҳастанд, ки паноҳанда маҳсуб мешавад ва имкони бозгашт ба хонаҳои худро надоранд. Антонио Гутерреш, раиси Кумиссиёни Созмони Милал дар умури паноҳандагон, рӯзи ҷаҳонии паноҳандагонро дар Сурия таҷлил мекунад, ки мизбони як миллион паноҳанда, аксарияташон аз Ироқ мебошад. Аҳамияти ин рӯзро Қирғизистон низ имсол эҳсос мекунад, ки бар асари низоъҳои қавӣ дар он 400 ҳазор нафар овора шудаанд.
XS
SM
MD
LG