Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Лаҳистон интихоботи раёсати ҷумҳурӣ идома дорад


Дар Лаҳистон имрӯз интихоботи зудраси раёсати ҷумҳурӣ идома дорад. Раиси ҷумҳури пешини Лаҳистон, Лех Качинский ва 95 нафари дигар, аз ҷумла ҳамсараш ва дигар чеҳраҳои шинохтаи сиёсиву низомии Лаҳистон зимни суқути ҳавопаймояшон дар ҳавои ғуборолуд дар шаҳри Смоленск, ғарби Русия дар рӯзи 10 апрел ҳалок шуданд. Бронислав Коморовскӣ, раиси ҳизби марказгарои Бунёди шаҳрвандӣ ва Ярослав Качинский, нахуствазири собиқ ва бародари Лех Качинский, аз номзадҳои пешсафи интихобот ҳастанд. Ҳашт нафари дигар низ дар интихобот рақобат мекунанд. Дар сурати соҳиб нашудани ҳеҷ яке аз номзадҳо ба 50 дар сади раъйи мардум, 4 июл дар Лаҳистон даври дуввуми интихобот баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG