Пайвандҳои дастрасӣ

Тамдиди замони вазъи изтирорӣ дар Ӯш ва атрофи он


Давлати муваққати Қирғизистон, вазъи фавқуллода дар шаҳри Ӯш ва атрофи онро ҳадди аққал то 25 июн тамдид кардааст. Мӯҳлати вазъи фавқуллода, ки рӯзи 11 июн баъди бархостани низоъи қавмӣ миёни қирғизу ӯзбакҳо эълом шуд, имрӯз ба поён мерасид. Рӯзе пештар аз эъломи тамдиди вазъи фавқуллода, Мелисбек, Мирзоаҳмадов, мири шаҳри Ӯш барои аз байн бурдани сангарҳо, ки дар кӯчаҳои шаҳр бардоштаанд, зарбулаҷал эълом кард. Дар акси ҳол ба гуфтаит ӯ сарбозон ин корро ба зӯрӣ хоҳанд кард. Роберт Блейк, муовини вазири умури хориҷаи Амрико, рӯзи шанбе бо Роза Отунбоева, раиси давлати муваққат мулоқот кард ва гуфт, ки онҳо ваъда додаанд, ангезаҳои низоъро таҳқиқ хоҳанд кард. Роберт Блейк, гуфт, таҳқиқи мазкур, бояд бо пажӯҳиш аз тарафи як ниҳоди мӯътабари байналмилалӣ такмил шавад.
XS
SM
MD
LG