Пайвандҳои дастрасӣ

Муноқишаи маргбор дар Кӯҳистони Қаробоғ


Вазорати дифоъи Арманистони мегӯяд, чаҳор сарбози арманӣ дар даргирие дар Вилояти Кӯҳистони Қаробоғ минтақаи ҷудоихоҳи Озарбойҷон кушта шуданд. Ба гуфтаи вазорат, ин сарбозон дар натиҷаи ҷанг бо гурӯҳи мусаллаҳи ҷосусии Озарбойҷон ҳалок шудаанд. Бино ба гузоришҳо дертар дар маҳалли ин ҳодиса ҷасади як сарбози озариро пайдо кардаанд. Эдвард Наълбандиён, вазири умури хориҷаи Арманистон, Озарбойҷонро гунаҳкори ин ҳодиса хонда, гуфт, ки ин иқдоми аз пеш тарҳрезишуда ба хотири баҳам задани музокироти сулҳ ба сари Кӯҳистони Қаробоғ будааст. Элхон Полухов, сухангӯи вазорати умури хориҷаи Озарбойҷон, решаи ин ҳодисаро, “ишғоли бардавоми сарзаминҳои Озарбойҷон” хонд.
XS
SM
MD
LG