Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

СММ: "Амният дар Афғонистон беҳбуд наёфтааст."


Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, амният дар Афғонистон беҳбуд наёфтааст, чунончӣ, бомбгузорӣ дар ҷодаҳо дар чаҳори моҳи соли равон дар Афғонистон назар ба ҳамин давра дар соли 2009 94 дар сад афзоиш ёфтааст. Ин арзёбии гузориши Бан Кӣ Мун, дабири кулли Созмони Милал ба Шӯрои Амният аст, ки рӯзи шанбе дар Кобул нашр шуд. Дар ин гузориш омадааст, Афғонистон, ҳафтае се маротиба шоҳиди бомбгузории интиҳорӣ мешавад ва нисфи он дар манотиқи ҷануби паштунишини кишвар сурат мегирад. Ҳамчунин сӯиқасд ба ҷони мақомоти расмии Афғонистон дар чаҳор моҳи гузашта дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 45 дар сад афзудааст.
XS
SM
MD
LG