Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Роберт Блейк бо раҳбарони Қирғизистон


Роберт Блейк, дипломати баландмақоми Амрико, имрӯз бо раҳбарони давлати муваққати Қирғизистон дар шаҳри Бишкек мулоқот кард. Ӯ гуфт, кишвараш барои кӯмак ба беҷошудагон ва ба эътидол овардани вазъ дар ҷануби Қирғизистон 32 миллион доллар кӯмак хоҳад кард. Роберт Блейк, доир ба дидаҳояш дар урдӯгоҳи оворагон дар марзи Қирғизистон бо Ӯзбакистон ба Роза Отунбоева, раҳбари давлати мувақати Қирғизистон гуфтааст ва таасуроти хонум Отунбоеваро аз сафараш ба шаҳри Ӯш шунидааст. Пештар аз ин Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи Амрико гуфт, эҳтимолан дар барангехтани низоъи қавмӣ дар Қирғизистон, Қурмонбек Боқиев, раиси ҷумҳури барканоршуда даст дорад. Ва дигар ин ки Бан Кӣ Мун, дабири кулли
XS
SM
MD
LG