Пайвандҳои дастрасӣ

Даъватҳои тоза барои озодии Аунг Сан Су Чӣ


Бан Кӣ Мун, дабири кулли Созмони Милал ва Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, дар зодрӯзи Аунг Сан Су Чӣ, раҳбари мухолифини Мянмар ва барандаи Ҷоизаи Сулҳи Нобел аз режими низомии ин кишвар хостанд, то ӯро аз зиндон раҳо кунад. Аунг Сан Су Чӣ имрӯз 65-сола шуд. Барак Обама зимни баёнияе "аз азму ҷасорат ва фидокориҳои Сан Су Чӣ барои ҳуқуқи инсон ва тағйироти демократӣ" ситоиш кардааст. Бан Кӣ Мун гуфтааст, ҳанӯз ҳам амиқан нигарон аст, ки Аунг Сан Су Чӣ дар зиндони хонагӣ боқӣ мемонад. Сан Су Чӣ тайи 21 соли ахир, 15 соли онро дар ҳабси хонагӣ пушти сар кардааст. Агарчӣ ҳизби ӯ дар соли 1990 дар интихобот пирӯз омад, аммо артиши Мянмар нагузошт, то қудратро ӯ ба даст бигирад.
XS
SM
MD
LG