Пайвандҳои дастрасӣ

Бан Кӣ Мун хостори кӯмаки фаврӣ ба Қирғизистон шуд


Бан Кӣ Мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, бо муроҷиат ба кишварҳои дунё, аз онҳо хост, то барои рафъи бӯҳрони башарӣ дар Қирғизистон 71 миллион доллар кӯмак кунанд. Бан Кӣ Мун гуфт, бар асари низоъҳои қавмӣ дар ҷануби Қирғизистон, тахминан 300 ҳазор нафар овора шуда ва 100 ҳазор нафар ба Ӯзбакистон гурехтаанд. Ба гуфтаи ӯ, даҳҳо ҳазор дигар саъй дигар саъй доранд, то Қирғизистонро тарк кунанд: “Дар манотиқи осебдида, баъди ғоратгариҳо, коҳиши таъминот ва маҳдуд кардани равуо, мардум ба маводи ғизоӣ, об ва нерӯи барқ мӯҳтоҷ шудаанд. Доруворӣ дар бемористон ва дигар муассисаҳо дар ҳоли тамом шудан аст.” Бан Кӣ Мун гуфт, бо Роза Отунбоева, раиси давлати муваққати Қирғизистон ва Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Ӯзбакистон ва дигарон гуфтӯгу карда ва “шеваҳои барқарории субот, ҷилавгирӣ аз қурбониҳои бештар ва ҳамоҳангсозии кӯмакҳои хайрияро баррасӣ намудааст."
XS
SM
MD
LG