Пайвандҳои дастрасӣ

Тавсияҳои Бонки Ҷаҳонӣ ба Арманистон


Бонки Ҷаҳонӣ аз ҳукумати Арманистон хостааст, то барои ба маҷори қонунӣ даровардани иқтисоди пасипардагии бузург дар кишвар талоши бештар ба харҷ диҳад. Аристомен Варудакис, раҳбарии намояндагии бонк дар шаҳри Ереван гуфтааст, иқтисоди пасипардагӣ ва аз ҷумла сарпечӣ аз пардохти молиёт, як мушкили умдаест, ки монеъи рушди иқтисоди Арманистон шудааст. Ба гуфтаи вай, иқтисоди пасипардагӣ дар ин кишвар аз 35 то 40 дар садро ташкил медиҳад. Бонки Ҷаҳонӣ ва Сандуқи Байналмилалии Пул борҳо аз ҳукумати Арманистон хостаанд, ба хотири рушди иқтисоди кишвар то низоми ҷамъоварии молиётро беҳтар кунад.
XS
SM
MD
LG