Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озарбойҷон 31 нафарро ба зиндон маҳкум кард


Дар Озарбойҷон 31 нафарро бо гуноҳи узвият дар як созмони ифротгарои исломӣ ва талош барои сарнагунии ҳукумат аз 3 то 15 соли зиндон маҳкум карданд. Бахши озарии Радиои Озодӣ мегӯяд, ин афрод ҳамчунин ба ҳамла ба чанд саррофӣ дар соли 2007 гунаҳкор дониста шудаанд. Дигар аз гуноҳи ин тундравон ба гуфтаи додгоҳ, мусоидат ба фирори Самир Маҳдиев, раҳбари як гурӯҳи ифротӣ дар Озарбойҷон будааст, ки ӯро дар ҳамлаи маргбори соли 2008 ба масҷиди Абубакри шаҳри Боку гунаҳкор медонанд. Раҳбари гурӯҳи зиндонишуда, як ифротии маъруф бо номи Абдулло будааст, ки ӯро соли 2009 дар Афғонистон куштаанд.
XS
SM
MD
LG