Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як ҳомии ҳуқуқи башар дар Ҷалолобод


Дар вилояти Ҷалолободи Қирғизистон ҳомии ҳуқуқи башар ва раҳбари иттиҳодияи ҷамъиятии “Воздух” Азимҷон Аскаров боздошт шудааст. Мақомот ӯро дар барангехтани низоъи байниқавмӣ ва даъвати сар тофтан аз итоат ба кормандони полис айбдор мекунанд. Ба иттилоъи Додситонии вилояти Ҷалолобод, Азимҷон Аскаров рӯзи 16 июн дар деҳаи Бозоркоргон боздошт шуд, ки он ҷо бар асари бархӯрди қавмӣ миёни қирғизҳову ӯзбакҳо 14 нафар ба ҳалокат расидаанд.
Ҳомиёни ҳуқуқи башари қирғиз рӯзи панҷшанбе дар назди намояндагии СММ дар Бишкек ҷамъ омада, хостори раҳоии Аскаров шуданд. Онҳо мегӯянд, ки Аскаров дар бораи хушунат дар ин деҳа иттилоъ ҷамъ меовард.
XS
SM
MD
LG